Филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен”  дар Тоҷикистон маракаи ахборотии “Муҳаббат ин…”-ро, ки нуҳто паемҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ифтитоҳ намуд. Ин маъракаи ахборотӣ бо истифодабарии ВАО, аз он ҷумла, телевизион ва лавҳаҳои рекламӣ дар ҳудуди ш.Душанбе амалӣ мегардад. Мақсади асосии ин маъракаи мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ахолӣ ва беҳбуд намудани дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Дар доираи маракаи ахборотии «Муҳаббат ин…» сомонаи www.muhabbatin.tj оид ба ҳуқуқу вазифаҳои оилавии фард, суруд ва филми тасвирии «Рустам ва Малика» дохил мешаванд. Инчунин дар сомонаи номбурдашуда як қисми муайян барои маслиҳатҳои ҳуқуқии олӣ ҷудо шудааст. Айни замон аз 13-уми январ то 16-уми марти 2014 наворҳои кутоҳи ҳуқуқӣ дар «Шабакаи аввал» ва «ТВ Баҳористон» интиқол мегарданд.

«Муҳаббат ин... ...ҳикояи Рустам ва Малика»

Саволу ҷавобҳо

Агар меросгузор васиятнома нагузошта бошад чӣ мешавад?
Дар ҳоле, ки меросгузор васиятнома намегузорад, пас мерос мутобиқи қонун қабул карда мешавад. Қонун навбати ворисонро муқаррар мекунад.  Ворисони навбати аввал амволи шахси вафоткардаро ба ҳиссаи баробар ба мерос қабул менамоянд.  Ворисони навбати дуюм танҳо он вақт ба қабули мерос ҷалб карда мешаванд, ки агар ягон вориси навбати аввал вуҷуд надошта бошад ва ғайраҳо.
Дар кадом мӯҳлат ариза дар хусуси қабули мерос бояд пешниҳод карда шавад?
Ариза дар хусуси қабули мерос бояд дар муддати 6 моҳ аз рӯзи кушодашавии мерос пешниҳод карда шавад. Вақти кушодашавии мерос рӯзи вафоти меросгузор ё рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи судӣ дар хусуси вафоткарда эълон доштани ӯ эътироф карда мешавад. Дар мӯҳлати нишондодашудаи пешниҳоди ариза дар хусуси қабули мерос (шаш моҳ) инчунин бояд ариза дар бораи даст кашидан аз мерос пешниҳод карда шавад.
Баъд аз чудо шудани зану шавхар, зан барои дидани писар ба падараш рох намедихад. Чи тавр ин маъсаларо хал кардан мумкин аст?
Баробари бекор кардани акди никох падар метавонад дар назди суд масъалахои бо у мукаррар кардани чои зисти писар ё ки муайян намудани тартиб шудани муошират ба кудак дар назди суд бардорад.
Моликияти муштараки зану шавхар байни онхо чи тавр таксим карда мешавад?
Тибки талаботи моддаи 34-35-и КО Чумхурии Точикистон амволе, ки зану шавхар дар давраи зиндагии якчоя ба даст овардаанд, моликияти муштараки онхо ба хисоб намеравад, дар бобати он, ки уро бо фарзандонаш бо манзил таъмин намояд чунин кайд карда шуд, ки агар онхо дар давраи зиндагии умуми хонаи истикомати ба даст наоварда бошанд -шавхар ухдадор нест, ки онхоро бо манзил таъмин намояд.

НИГОРИСТОН

Лоиҳа аз ҷониби Хукумати Швейтсария маблаггузорӣ мешавад.
Яндекс.Метрика
Тамос бо мо

Вы можете отправить нам письмо, и мы свяжемся с вами, как можно скорее.